ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ЗУКОМИ ХУК А (Н1N1) ОМОДА АСТ
Душанбе, 4 ноябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Барои ворид ва паҳн нагардидани бемории А (Н1N1), ки бо номи зукоми хук маъмул аст, Корхонаи Воҳиди Давлатии "Фурӯдгоҳи байналмилали Душанбе" мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда амал менамояд. Имрӯзҳо, ки хуруҷи бемории А (Н1N1) дар миқёси кишварҳои начандон дур авҷ гирифтааст, дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Барои пешгирии беморӣ ибтидо маводи огоҳкунандаи чопӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, кормандоне, ки бевосита бо мусофирон сару кор доранд бо даҳонбандҳои докагӣ , дорумонакҳои махсус ва маҳлулҳои безараргардонанда таъмин карда шуданд. Барои эҳтимолияти мусофири гирифтори беморӣ утоқи алоҳида ҷудо карда шуда, ҳароратсанҷҳои фосилави (дистанционные термометры) харидорӣ карда шуд. Тавре маълум аст, дар фурӯдгоҳ аз мақомотҳои гумрук, марзбонӣ милитсияи тартибот ва милитсияи бахши муҳоҷират фаъолият доранд. Мавриди гусел ва қабули ҳавопаймо кормандони мақомотҳои гуногун бо мусофирон сару кор мегиранд, ки эҳтимолияти сирояти мариз хело зиёд аст. Аз ин хотир роҳбарияти фурӯдгоҳ бобати пешгирии бемории А (Н1N1) кормандони ин мақомотҳоро низ бо лавозимоти зарурӣ таъмин намудааст. Хушбахтона то имрӯз ҳолатҳои ба беморӣ гирифтор шудани мусофирин ба назар нарасидааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






