ГУРӮҲИ ҒОРАТГАРОН БЕЗАРАР ГАРДОНДА ШУД

Ноябрь 18, 2009 16:42

                 Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Душанбе гурӯҳи муташаккили ғоратгарон фош ва безарар гардонда шуд, ки муддати тӯлонӣ ба талаю тороҷи моликияти одамон машғул буд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шаҳрванди 38 – солаи чинӣ, муҳандиси корхонаи хишти ноҳияи Ҳисор Чин Лю Тсяо ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ариза дода, маълум кард, ки 12 ноябр ҳадафи ҳуҷуми гурӯҳи шахсони номаълуми ниқобпӯш гардидааст. Ғоратгарон шабона ба хонаи шаҳрванди чинӣ даромада, ӯро лату кӯб карда, бо корд ба ӯ таҳдид намуда, 750 доллари ИМА – ро бо зӯрӣ кашида гирифтаанд.                 Кормандони раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҷумҳурӣ дар натиҷаи амалиёти фаврию самарабахш дирӯз, 17 ноябр ҳамаи се нафар аъзои дастаи ғоратгаронро дастгир намуданд. Онҳо Абдулло Холмуродови 32 – сола, Темур Акатови 40 – сола ва Мирзоалӣ Салимови 40 – сола мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳамаи онҳо қабл аз ин барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун ҳабс карда шуда буданд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз шахсони дастгиршуда далелҳои шаъӣ мусодира карда шуданд. Ин дар бораи содир гардидани ҷиноят аз ҷониби онҳо равшан шаҳодат медиҳад.                  Айни ҳол нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва тафтиши аъмоли онҳо давом дорад.

Ноябрь 18, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид