ГУЗАРИШ БА ИСТИФОДАИ ПУРРАИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ТО 01.12.2009

Ноябрь 17, 2009 11:03

                 17-уми ноябри соли 2009 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат телефонӣ ҳисобот доданд.                  Ҳисоботи роҳбарони шаҳру ноҳияҳои номбурда, пеш аз ҳама, оид ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ, татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия», ҷамъоварии ҳосили пахта ва ҷараёни киштукори тирамоҳӣ шунида шуд.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки иҷрои пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа бе чуну чаро таъмин карда шавад.                    Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти вобаста ба ҷудо шудани Ҷумҳурии Узбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ таъкид гардид. Дастур дода шуд, ки раванди гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасраф то 1 – уми декабри соли равон пурра ба итмом расонда шавад.                    Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки баҳри таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва ангишт тадбирҳои иловагӣ андешанд.                     Дар робита ба ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили фаровони пахта, ки дар заминҳои шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба назар мерасад, таъкид гардид, ки аз ҳар рӯзи обу ҳавои мусоид истифода бурда, тамоми имкону захираҳои мавҷударо ба ин кор сафарбар намоянд ва ба деҳқонон ҳамаҷониба кӯмак расонанд.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат ҳамчунин оид ба тезондани рафти киштукори тирамоҳӣ ва ба роҳ мондани истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои корам супоришҳои мушаххас дод.

Ноябрь 17, 2009 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд