ГУЗАРИШ БА ИСТИФОДАИ ПУРРАИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ТО 01.12.2009
17-уми ноябри соли 2009 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат телефонӣ ҳисобот доданд. Ҳисоботи роҳбарони шаҳру ноҳияҳои номбурда, пеш аз ҳама, оид ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ, татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия», ҷамъоварии ҳосили пахта ва ҷараёни киштукори тирамоҳӣ шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки иҷрои пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа бе чуну чаро таъмин карда шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти вобаста ба ҷудо шудани Ҷумҳурии Узбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ таъкид гардид. Дастур дода шуд, ки раванди гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасраф то 1 – уми декабри соли равон пурра ба итмом расонда шавад. Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки баҳри таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва ангишт тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар робита ба ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили фаровони пахта, ки дар заминҳои шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба назар мерасад, таъкид гардид, ки аз ҳар рӯзи обу ҳавои мусоид истифода бурда, тамоми имкону захираҳои мавҷударо ба ин кор сафарбар намоянд ва ба деҳқонон ҳамаҷониба кӯмак расонанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат ҳамчунин оид ба тезондани рафти киштукори тирамоҳӣ ва ба роҳ мондани истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои корам супоришҳои мушаххас дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






