ХАЙРУ ЭҲСОНКОРӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ХАЙРХОҲОНАИ ҲУКУМАТ

Ноябрь 26, 2009 16:30

                   Душанбе, 26 ноябр (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Самти асосии фаъолияти Мактаби техникии шаҳри Турсунзода ин тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷавонони синни даъватии ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мебошад.                    Дар баробари ин, роҳбарияти мактаб ба масъалаи ҳамкорӣ намудан бо қисму воҳидҳои низомие, ки дар ҳудуди маҳал ҷойгиранд, аҳамияти махсус медиҳад. Ин ҳамкориҳо асосан баргузории чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва ташкили боздиди мактабиён аз шароитҳои хизмати сарбозонро дар бар мегирад. Ҳайати роҳбарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва Вазорати мудофиа ба чунин шакли ҳамкорӣ баҳои баланд дода, онро ҳамасола ба ҳукми анъана ворид сохтаанд.                    Дар ҳамин чаҳорчӯба соли равон дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ мактаб дар қисми низомии 07150 мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор сохт. Дар ин чорабинӣ, ки моҳияти ҳарбӣ-ватандӯстӣ дошт, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, падару модарони хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшудагон аз шаҳри Турсунзода иштирок доштанд.                     Роҳбарияти Мактаби техникии шаҳри Турсунзода дар доираи имконоти худ ба қисму воҳидҳои ҳарбӣ кӯмаки худро низ дареғ намедорад. Соли равон мактаб дар арафаи таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз ба қисми низомии 051059 маводи ғизоӣ ва озуқа кӯмак намуд.                    Ҳамчунин, дар асоси пешниҳод ва таклифи роҳбарияти мақомоти маҳаллии давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода ба қисмҳои низомии 07150 ва 051059 як донагӣ телевизори ранга ҳадя намуд.                    Мактаб ҳамасола дар маъракаи муҳими даъват ба сафи Артиши миллӣ низ фаъолона саҳм мегирад. 3 апрели соли равон дар даъвати баҳорӣ дар шаҳри Турсунзода Рӯзи даъватшаванда гузаронида шуд, ки дар ин чорабинӣ хатмкунандагони мактаби техникии шаҳри Турсунзода низ иштирок намуда, барои хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд. Онҳо ҳамчун сарбозони ботахассус имрӯз пайи ҳимояи марзҳои Ватан ва таъмини мудофиаи кишвар пайи хизмати содиқонаанд.                    Фаъолияти хайру эҳсонкорӣ ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолиро роҳбарияти Мактаби техникии шаҳри Турсунзода дар пайравӣ ба сиёсати хайрхоҳонаву башардӯстонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ пеш мебарад. Аз ҷумла, соли равон дар остонаи таҷлил аз 64-солагии пирӯзии Артиши Сурх бар зидди фашизми гитлерӣ 5 нафар иштирокчиёни ҷанг бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.                    8-уми июли соли равон бошад, дар рӯзи маъюбон ва пиронсолон бо дархости ҷамъияти маъюбон ва пиронсолони шаҳри Турсунзода ба онҳо кӯмаки моддӣ расонида шуд. Бахшида ба Иди фитр бошад, ба хонаи пиронсолони деҳаи Батош дар шакли озуқа кӯмаки моддӣ расонида шуд.  

Ноябрь 26, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

31 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
МегаФон Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушд додани варзиш дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон дар барномаи байналмилалӣ оид ба амнияти киберӣ ва идоракунии зеҳни сунъӣ дар Чин иштирок намуд
Дар шаҳри Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони тиб пардохт карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сокинони Лахш дар 5507 гектар картошка кишт намудаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 73 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Тоҷикобод дорандаи корти бонкӣ мебошанд
30 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «IKO-2025» сазовори 8 медал шуданд
29 ИЮЛ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАЛАНГ. Солҳои охир дар сайёра теъдоди ин ҷонвар кам мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст