ХОБГОҲИ НАВИ ДОНИШГОҲ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Ноябрь 19, 2009 10:00

                  Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 18 ноябр хобгоҳи нави донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар кӯчаи Алишер Навоӣ дар вазъияти ботантана ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи хобгоҳ роҳбарону намояндагони вазорати тандурустӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ иштирок доштанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки хобгоҳи мазкур аз ҳисоби маблағи Донишгоҳи давлатии тиббӣ пурра тармим карда ва бо асбобу анҷоми зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Барои тармими он 1,5 миллион сомонӣ сарф шуд. Хобгоҳ барои истиқомати бештар аз 600 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо пеш аз ҳама ба донишҷӯёне ҷои хоб дода мешавад, ки мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ ба донишгоҳ қабул шудаанд. Бинои донишгоҳ ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст буда, ошхона, ҳуҷраи махсуси либосшӯӣ ва майдончаи варзишӣ дорад. Ояндаи наздик дар ин ҷо филиали китобхонаи донишгоҳ кушода мешавад.                   Дар шафати он бинои дигари хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббӣ воқеъ мебошад, ки ояндаи наздик тармим карда хоҳад шуд. Умуман Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 4 хобгоҳ дорад.

Ноябрь 19, 2009 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд