ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ НАВИ ҚАРЗ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова). – 17 ноябр намояндагони Бонки рушди Евразия ва Бонки «Лендесбанки Берлин» дар бораи ҷудо кардани маблағ бо мақсади ворид кардани таҷҳизоти бофандагӣ ба Тоҷикистон созишномаи додани қарзро имзо намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маблағи мазкурро ширкати «Олим Текстайл» бо мақсади сохтмони корхонаи нави калобаресӣ дар Тоҷикистон истифода хоҳад кард. Бо маблағи қарз аз Ҷумҳурии Федероли Олмон таҷҳизоти нави бофандагӣ харида, ҳаққи хизматҳои ба истифода додани корхона ва таҷҳизот пардохта мешавад. Бонки рушди Евразия, тибқи созишнома барои харидани таҷҳизоти бофандагӣ 22,6 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад. Маблағи қарз бояд дар давоми 12 сол баргардонида шавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






