ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ КОРМАНДОНИ АЛОҚАИ КИШВАРҲОИ ЕВРАЗИЯ

Ноябрь 27, 2009 18:18

                Бегоҳии рӯзи 26 — уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Арманистон, Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон дар Форуми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки оид ба дастовардҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ таҳти унвони «ИДМ — ро ба ҳам пайваст месозем» дар шаҳри Минск ҷараён дошт, иштирок ва суханронӣ намуданд.                  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон форуми мазкур ва тадбирҳои муштараки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар роҳи рушди технологияҳои итилоотӣ-коммуникатсионӣ, ташкили робитаи осони миёни мақоти давлатӣ ва ҷомеа, фаъол намудани ҳукумати электронӣ ва ҳамзамон таъмини амнияти иттилоотиро аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ намуда, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба густариши чунин робитаҳо таъкид намуд.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз Ҷумҳурии Беларус иттилоъ дод.

Ноябрь 27, 2009 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд