КИТОБҲОИ НАВ

Ноябрь 13, 2009 10:07

                Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — «Ифтихори халқ ва Қаҳрамони миллат», чунин ном дорад китоби нави адиби шинохта Султонмуроди Одина, ки тариқи нашриёти «Ирфон» бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр гардид. Китоби мазкур дастурест барои омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ оид ба дақиқтар омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода. Аксар маводҳои китоб бори аввал бо шакли пурра ва дақиқ оварда шудааст.                 Ҳамчунин китоби дигари Султонмуроди Одина бо номи «Мирзо Турсунзода дар мактаб» бо теъдоди 500 нусха тариқи нашриёти «Ирфон» интишор ёфт. Дар асар тавсияҳо оид ба омӯзиши зиндагинома ва шеърҳои устод Мирзо Турсунзода ва андешаҳои ҷолиб дар бораи беҳтар кардани сифати донишандӯзии хонандагони синни хурди мактабӣ баён ёфтаанд.                  Китобҳои мазкур тӯҳфаи арзандаест ба ҳаводорони ашъори безаволи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва ҳам ба истиқболи 100-солагии зодрӯзи шоир.

Ноябрь 13, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд