КИТОБХОНАИ НАВ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 17 ноябр дар бинои шашуми Маркази миллии саломатии ҷумҳуриявӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи китобхонаи адабиёти бахшида ба бемориҳои асаби ба номи Абдумаҷид Пӯлодов баргузор гардид. Дар ҷамъомади ба ин муносибат баргузоргардида профессор, академики Академияи илмҳои табиии Русия, сармутахассиси соҳаи табобати бемориҳои асаби Тоҷикистон Абдумаҷид Пӯлодов, кормандон ва намояндагони вазорату идораҳои соҳаи тиб, вазорати маориф ва намояндагони аҳли ҷамъият иштирок доштанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки китобхонаи мазкур бо ташаббуси вазорати тандурустӣ, вазорати маориф ва анҷумани духтурони асаби Тоҷикистон ба муносибати 70 – солагии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 85 – солагии олим ва табиби машҳури тоҷик Абдумаҷид Пӯлодов кушода шуд, ки аз 20 то 22 ноябр ботантана таҷлил карда мешавад. А.Пӯлодов ба ҳамаи ҷамъомадагон ва шогирдонаш изҳори сипос намуд, ки хизматҳои ӯро фаромӯш накардаанд ва асару мақолаҳояшро мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар китобхона теъдоди зиёди асарҳои илмӣ бахшида ба роҳу усулҳои табобати бемориҳои асаб ҷамъ оварда шудаанд. Қисми зиёди онҳоро асару мақолаҳои илмӣ ва бойгонии шахсии А.Пӯлодов ташкил медиҳад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






