КОНФЕРЕНСИЯИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА БЕЗАРАРГАРДОНИДАНИ МИНАҲО
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Имрӯз 17 ноябр дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи «Дастгирии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза оиди безараргардонии минаҳо» баргузор мегардад. Чи тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд мақсади гузаронидани конференсияи мазкур таҳкими муносибатҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои безараргардонии минаҳо мебошад. Иштироккунандагон масъалаҳои роҳҳои ҳалли безараргардонидани миннаҳоро муҳокима хоҳанд кард. Конференсияи мазкур бо ташаббуси вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии САҲА дар Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии Боварии Славения баргузор мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






