ЛОИҲАИ ТАЪРИХӢ

Ноябрь 2, 2009 14:25

                  Душанбе, 2 ноябр (АМИТ «Ховар» — un.org.) — Кумитаи аввали Ассамблеяи генералии СММ лоиҳа оид ба дастгирии Шартномаи қатъи ҳамагуна озмоиши яроқҳои ядроиро қабул кард. Шартномаро мутахассисон таърихӣ номиданд, зеро бори аввал Шартнома аз ҷониби давлатҳои дорои яроқи ядроӣ — аъзои доимии Шӯрои амният пешниҳод карда мешавад.                   Лоиҳа бо аксари овози намояндагони давлатҳо қабул гардид. Муқобили лоиҳа танҳо Ҳиндустон ва Кореяи шимолӣ овоз доданд, давлатҳои Эрон, Исроил, Чин, Покистон ва Фаронса аз ҷараёни овоздиҳӣ даст кашиданд.                   Бояд гуфт, ки Кумитаи аввали Ассамблеяи генералӣ асосан масоили амниятро дар давлатҳои ҷаҳон баррасӣ мекунад. Лоиҳаи қабулшуда акнун дар ҷаласаҳои пленарӣ бояд тасдиқ карда шавад.  

Ноябрь 2, 2009 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст