М. ТОЛИБОВ — САЗОВОРИ ОРДЕНИ СОЗМОНҲОИ МУДОФИАВИИ ИДМ

Ноябрь 26, 2009 15:05

                   Душанбе, 26 ноябр (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Ҳиссагузории раиси ноҳияи Рашт Маҳмадшариф Толибов нисбати дастгирии созмони мудофиавии ноҳия, таҳкими раванди тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон, тайёр намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва фароҳам овардани шароити бештар барои омодасозии мутахассисони варзида барои эҳтиёҷоти артиш ва хоҷагии халқ, бузург аст.                    Бо назардошти чунин ҳиссагузории арзанда ва саҳмгирии фаъол Маҳмадшариф Толибов бо ордени «Барои хизматҳои бузург», ки онро Шӯрои Марказии Иттиҳоди созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ-техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис намудааст, сарфароз гардонида шуд. Раиси Кумитаи Марказии ТҶММ Ҷумхурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саиданвар Камолов, ки ҳамзамон муовини аввали раиси Шӯрои Марказии Созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ-техникии ИДМ мебошад, ба ин мазмун фармон имзо намуд.                   Ордени мазкурро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он раиси Кумитаи минтақавии ТҶММ-и минтақаи Рашт Сияршо Ахмедов ба раиси ноҳияи Рашт Маҳмадшариф Толибов супорид.

Ноябрь 26, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд