МАРКАЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КАЙҲОНШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар» — kremlin.ru.). — Президенти Русия Дмитрий Медведев Қонуни федеролӣ «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази илмӣ — тадқиқотии байналхалқии «Помир — Чақалтой» — ро ба имзо расонид. Қонуни мазкур 29 октябри соли 2009 аз тарафи Думаи давлатӣ қабул ва 30 октябр аз тарафи Шӯрои Федератсия дастгирӣ карда шудааст. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳуҷчатҳои зарурӣ оид ба фаъолияти ин Марказ қаблан ба тасвиб расида буд. Мутобиқи ин Созишнома Маркази илмӣ — тадқиқотии байналхалқии «Помир — Чақалтой» барои истифодаи на танҳо олимони Тоҷикистону Русия, балки барои ҳамаи мутахассисони соҳаи кайҳоншиносӣ, тадқиқотчиёни астрофизикӣ, атомӣ ва нурҳои кайҳонии кулли сайёра пешбинӣ шудааст. Дастгоҳ ҳанӯз дар даврони ИҶШС сохта шуда буд, аммо истифодаи босамари он дар айёми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконпазир гардид.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






