МАРКАЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КАЙҲОНШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД

Ноябрь 11, 2009 09:14

                 Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар» — kremlin.ru.). — Президенти Русия Дмитрий Медведев Қонуни федеролӣ «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази илмӣ — тадқиқотии байналхалқии «Помир — Чақалтой» — ро ба имзо расонид. Қонуни мазкур 29 октябри соли 2009 аз тарафи Думаи давлатӣ қабул ва 30 октябр аз тарафи Шӯрои Федератсия дастгирӣ карда шудааст. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳуҷчатҳои зарурӣ оид ба фаъолияти ин Марказ қаблан ба тасвиб расида буд.                  Мутобиқи ин Созишнома Маркази илмӣ — тадқиқотии байналхалқии «Помир — Чақалтой» барои истифодаи на танҳо олимони Тоҷикистону Русия, балки барои ҳамаи мутахассисони соҳаи кайҳоншиносӣ, тадқиқотчиёни астрофизикӣ, атомӣ ва нурҳои кайҳонии кулли сайёра пешбинӣ шудааст. Дастгоҳ ҳанӯз дар даврони ИҶШС сохта шуда буд, аммо истифодаи босамари он дар айёми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконпазир гардид.

Ноябрь 11, 2009 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд