МАРКАЗИ ИТТИЛООТӢ — МАШВАРАТӢ КУШОДА ШУД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 21 — пойтахт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳо миёни вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина нахустин Маркази иттилоотӣ — машваратии макотиби олии вилояти Харков кушода шуд. Дар маросими кушодашавии Марказ ректори Донишгоҳи миллии тиббии Харков Владимир Лисовой ва вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок карданд. А. Раҳмонов иттилоъ дод, ки чунин марказҳо дар дигар мактабҳои миёнаи пойтахт низ кушода хоҳанд шуд. Маркази мазкур бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо фаъолияти омӯзиш, тайёр намудани мутахассисони касбӣ, шароити дохилшавии хатмкунандагон ба макотиби олии Украина кушода шудааст. Ёдовар мешавем, ки 29 окятбри соли ҷорӣ ҳамчунин Созишнома дар бораи ҳамкориҳои муфиди дуҷониба ва таҳкими муносибатҳо дар соҳаи маориф ва алоқаҳои илмӣ миёни Донишкадаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии иқтисодии Харков низ ба имзо расида буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






