МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ПАҲН КАРДАНИ АСЛИҲА

Ноябрь 20, 2009 14:37

                 Маскав, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Маскав машварати намояндагони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бахшида ба масъалаҳои ҳамоҳанг сохтани мавқеи давлатҳо дар бобати ғайриқонунӣ паҳн намудани аслиҳаи сабуки оташфишон ва комплексҳои сайёри зенитию ракетӣ баргузор мегардад. Дар ин машварат намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои дигари манфиатдори давлатҳои аъзои СААД ширкат меварзанд.                   Муовини Муншии умумии созмон Ара Бадалиён ба мухбирон гуфт, ки ҳадафи асосии машварат мубодилаи маълумот дар бораи аслиҳаи сабуки оташфишон, комплексҳои сайёри зенитию ракетӣ ва ҳамоҳанг сохтани мавқеи давлатҳои аъзои созмон роҷеъ ба ин проблема мебошад. Муҳокимаи ин масъала барои таҳкими боварии давлатҳо ба ҳамдигар ва таъмини амният дар минтақа аҳамияти калон дорад, гуфт Ара Бадалиён.

Ноябрь 20, 2009 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд