МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚӢ

Ноябрь 19, 2009 11:16

                  Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 18 ноябр таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов машварати кории Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи иҷрои тадбирҳои пешбинишуда барои таъмини истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ муҳокима шуданд.                   Дар машварат таъкид карда шуд, ки суръати сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обиро тезонида, инчунин фаъолияти нерӯгоҳҳои мавҷудаи барқи обӣ, аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум, Варзоб ва Бойғозиро беҳтар кардан зарур аст.                    Оқил Оқилов ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки барои ҳалли масъалаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ бо созмонҳои байналхалқии молиявӣ ва сарпарастони хориҷӣ беҳтару хубтар ва самараноктар ҳамкорӣ кунанд. 

Ноябрь 19, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд