МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ СОҲАИ ТУРИЗМ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар ҷараёни мулоқоти раиси Кумитаи масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри – Ланка дар Тоҷикистон Ҷаялот Виракоди масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаи сафару сайёҳат, туризм, варзиш, фарҳанг, инчунин ба вуҷуд овардани бозори мутамаддини туристӣ муҳокима шуданд. Сафири Шри – Ланка зикр намуд, ки дар мамлакаташ соҳаи туризм хеле густариш ёфтааст ва дар он марказҳои таълимии тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм фаъолият доранд. Бинобар ин Ҷаялот Виракоди пешниҳод намуд, ки ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддати омода сохтани мутахассисони соҳаи туризм ва хизматрасонӣ ба Шри – Ланка фиристода шаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






