МУАЛЛИФИ «ТОҶИКИСТОН» 110 СОЛА МЕШАВАД

Ноябрь 10, 2009 11:40

                Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Китоби собиқ раиси Шӯрои Комиссариатҳои Халқии ҶШС Тоҷикистон, ходими давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев бо номи «Тоҷикистон» дубора нашр гардид.                    Китоб бори аввал соли 1929 дар Маскав чоп шуда нахустин китоби таърихӣ дар бораи Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб мешавад. Очеркҳои китоб рафти муборизаҳоро барои барқарорсозии ҳокимияти шӯравӣ, азнавсозӣ ва рушди хоҷагии деҳот, тавлиди саноат, соҳаи маориф ва дигар давраҳои таърихии Тоҷикистони солҳои 20 –уми асри гузаштаро инъикос мекунад.                    «Маҳз бо талошҳои Қаҳрамони халқи тоҷик Нусратулло Махсум ва ҳамсафи ӯ Абдураҳим Ҳоҷибоев Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии комилҳуқуқ таъсис ва ба ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ ворид карда шуд», — навиштаанд мураттибони китоб.                    Мунакқидон китоби мазкурро ҳамсол ва шоҳиди таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд, зеро соли 1929 китоб дар Маскав нашр гардид ва 15-16 октябри ҳамон сол дар анҷумани 3 –юми Шӯроҳо оид ба таъсис додани ҶШС Тоҷикистон қарори таърихӣ қабул карда шуд.                   Муаллифи китоби «Тоҷикистон» Абдураҳим Ҳоҷибоев чандин сол Раиси Шӯрои Комиссариатҳои Халқии ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. 25 январи соли 1938 ӯро бо ҷурми созмон додани ташкилоти террористӣ гунаҳкор карда, хамон рӯз ба қатл расониданд. Моҳи декабри соли 1957 Коллегияи ҳарбии Суди олии ИҶШС Абдураҳим Ҳоҷибоев сафед кард.                     Имсол ба зодрӯзи ин ходими давлатӣ 110 сол ва аз нашри китоби ӯ бо номи «Тоҷикистон» 80 сол пур мешавад. 

Ноябрь 10, 2009 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд