МУАЛЛИФИ «ТОҶИКИСТОН» 110 СОЛА МЕШАВАД
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Китоби собиқ раиси Шӯрои Комиссариатҳои Халқии ҶШС Тоҷикистон, ходими давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев бо номи «Тоҷикистон» дубора нашр гардид. Китоб бори аввал соли 1929 дар Маскав чоп шуда нахустин китоби таърихӣ дар бораи Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб мешавад. Очеркҳои китоб рафти муборизаҳоро барои барқарорсозии ҳокимияти шӯравӣ, азнавсозӣ ва рушди хоҷагии деҳот, тавлиди саноат, соҳаи маориф ва дигар давраҳои таърихии Тоҷикистони солҳои 20 –уми асри гузаштаро инъикос мекунад. «Маҳз бо талошҳои Қаҳрамони халқи тоҷик Нусратулло Махсум ва ҳамсафи ӯ Абдураҳим Ҳоҷибоев Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии комилҳуқуқ таъсис ва ба ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ ворид карда шуд», — навиштаанд мураттибони китоб. Мунакқидон китоби мазкурро ҳамсол ва шоҳиди таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд, зеро соли 1929 китоб дар Маскав нашр гардид ва 15-16 октябри ҳамон сол дар анҷумани 3 –юми Шӯроҳо оид ба таъсис додани ҶШС Тоҷикистон қарори таърихӣ қабул карда шуд. Муаллифи китоби «Тоҷикистон» Абдураҳим Ҳоҷибоев чандин сол Раиси Шӯрои Комиссариатҳои Халқии ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. 25 январи соли 1938 ӯро бо ҷурми созмон додани ташкилоти террористӣ гунаҳкор карда, хамон рӯз ба қатл расониданд. Моҳи декабри соли 1957 Коллегияи ҳарбии Суди олии ИҶШС Абдураҳим Ҳоҷибоев сафед кард. Имсол ба зодрӯзи ин ходими давлатӣ 110 сол ва аз нашри китоби ӯ бо номи «Тоҷикистон» 80 сол пур мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






