МУЛОҚОТ БО МУАЛЛИФИ НАМОИШНОМА

Ноябрь 23, 2009 12:01

                     Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имрӯз дар Театри драммавии русии ба номи В.Маяковский нахустнамоиши асари саҳнавии «Ишқи нахустини Хоҷа Насриддин» баргузор мегардад, ки онро коргардони театр Баҳодур Миралибеков аз рӯи асари нависандаи маъруф Темур Зулфиқоров ба саҳна гузоштааст.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муаллифи намоишнома Темур Зулфиқоров айни ҳол дар Душанбе мебошад ва машқи охирини асари саҳнавиро тамошо карда, ба он баҳои баланд дод.                   Дар арафаи намоиши асари саҳнавӣ дар театр мулоқоти Темур Зулфиқоров бо хонандагон ташкил карда мешавад. Нависанда зимни мулоқот ба саволҳои мухлисонаш ҷавоб дода, маҷмӯаи асарҳояшро ба онҳо тӯҳфа хоҳад кард.

Ноябрь 23, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд