МУЛОҚОТ БО МУАЛЛИФИ НАМОИШНОМА
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Имрӯз дар Театри драммавии русии ба номи В.Маяковский нахустнамоиши асари саҳнавии «Ишқи нахустини Хоҷа Насриддин» баргузор мегардад, ки онро коргардони театр Баҳодур Миралибеков аз рӯи асари нависандаи маъруф Темур Зулфиқоров ба саҳна гузоштааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муаллифи намоишнома Темур Зулфиқоров айни ҳол дар Душанбе мебошад ва машқи охирини асари саҳнавиро тамошо карда, ба он баҳои баланд дод. Дар арафаи намоиши асари саҳнавӣ дар театр мулоқоти Темур Зулфиқоров бо хонандагон ташкил карда мешавад. Нависанда зимни мулоқот ба саволҳои мухлисонаш ҷавоб дода, маҷмӯаи асарҳояшро ба онҳо тӯҳфа хоҳад кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






