МУЛОҚОТ ДАР «АГРОИНВЕСТБОНК»

Ноябрь 23, 2009 12:10

                  Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 19 ноябр дар Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» ба муносибати ба охир расидани мӯҳлати хизмати намояндаи доимии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар он мудири Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма, роҳбари нави Намояндагии бонк дар Тоҷикистон Улф Хиндстром, роҳбари собиқи намояндагии бонк Дар Тоҷикистон Метю Ле – Блан, корманди калони намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон Бахтиёр Мансуров ва роҳбарияти «Агронинвестбонк» иштирок доштанд.                   Иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» Муродҷон Вафоев ба роҳбари собиқи намояндагии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Метю Ле – Блан барои саҳми калонаш дар бобати равнақу ривоҷи ҳамкории дуҷонибаи Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо бо бонкҳои Тоҷикистон ва хусусан Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» миннатдорӣ баён намуд. Вай баъдан намояндаи нави Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Улф Хиндстромро ба ҳозирон муаррифӣ намуд.

Ноябрь 23, 2009 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд