МУЛОҚОТ ДАР «АГРОИНВЕСТБОНК»
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 19 ноябр дар Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» ба муносибати ба охир расидани мӯҳлати хизмати намояндаи доимии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар он мудири Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма, роҳбари нави Намояндагии бонк дар Тоҷикистон Улф Хиндстром, роҳбари собиқи намояндагии бонк Дар Тоҷикистон Метю Ле – Блан, корманди калони намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон Бахтиёр Мансуров ва роҳбарияти «Агронинвестбонк» иштирок доштанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» Муродҷон Вафоев ба роҳбари собиқи намояндагии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Метю Ле – Блан барои саҳми калонаш дар бобати равнақу ривоҷи ҳамкории дуҷонибаи Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо бо бонкҳои Тоҷикистон ва хусусан Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» миннатдорӣ баён намуд. Вай баъдан намояндаи нави Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Улф Хиндстромро ба ҳозирон муаррифӣ намуд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






