МУЛОҚОТ ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ

Ноябрь 19, 2009 16:03

                  Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов 18 ноябр бо ҳайати ИМА таҳти роҳбарии намояндаи Агентии хариди моли ИМА барои Афғонистон Стив Кауфман мулоқот кард. Дар мулоқот ҳамчунин мушовирони сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон Д. Кроненфелд ва А.Сайфиддинов, намояндаи Агентии хариди моли ИМА Л.Коуэн, намояндаи маъмурияти ИМА Даг Френч, мудири намояндагии созмони «Технолоҷи менеҷмент» — и ИМА дар Тоҷикистон П.Диноршоев ва мудири шӯъбаи фурӯши маҳсулот ва маркетинги ҷамъияти саҳҳомии «Оби зулол» С.Умаров иштирок доштанд.                   Ҳадафи мулоқот шиносоӣ бо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва хариди маҳсулоти зарурӣ барои фиристодани онҳо ба Афғонистон мебошад.                   С.Кауфман ба роҳбарияти Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ барои дастгирии пешниҳодоти ҳайати мамлакаташ изҳори сипос намуд. Вай изҳор намуд, ки Агентии хариди моли ИМА бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бобати харидани маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла, маводи хӯрока, оби маъданӣ, оби мева, газвор, либос ва қоғаз барои банду басти маҳсулот омода мебошад.                 О.Сангов пешниҳод намуд, ки мутахассисон ва коршиносони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо намояндагони ИМА ҳамкорӣ карда, сифати маҳсулотро муайян карда метавонанд. Зимни мулоқот нақшаи ҳамкории оянда ва имконияти ташкил намудани намоишгоҳи муштараки молҳои харидашаванда баррасӣ карда шуд.                     Намояндагони ИМА бо фаъолияти баъзе корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти саҳҳомии «Оби зулол» — и ноҳияи Исфара шинос мегарданд. 

Ноябрь 19, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд