МУЛОҚОТ ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов 18 ноябр бо ҳайати ИМА таҳти роҳбарии намояндаи Агентии хариди моли ИМА барои Афғонистон Стив Кауфман мулоқот кард. Дар мулоқот ҳамчунин мушовирони сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон Д. Кроненфелд ва А.Сайфиддинов, намояндаи Агентии хариди моли ИМА Л.Коуэн, намояндаи маъмурияти ИМА Даг Френч, мудири намояндагии созмони «Технолоҷи менеҷмент» — и ИМА дар Тоҷикистон П.Диноршоев ва мудири шӯъбаи фурӯши маҳсулот ва маркетинги ҷамъияти саҳҳомии «Оби зулол» С.Умаров иштирок доштанд. Ҳадафи мулоқот шиносоӣ бо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва хариди маҳсулоти зарурӣ барои фиристодани онҳо ба Афғонистон мебошад. С.Кауфман ба роҳбарияти Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ барои дастгирии пешниҳодоти ҳайати мамлакаташ изҳори сипос намуд. Вай изҳор намуд, ки Агентии хариди моли ИМА бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бобати харидани маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла, маводи хӯрока, оби маъданӣ, оби мева, газвор, либос ва қоғаз барои банду басти маҳсулот омода мебошад. О.Сангов пешниҳод намуд, ки мутахассисон ва коршиносони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо намояндагони ИМА ҳамкорӣ карда, сифати маҳсулотро муайян карда метавонанд. Зимни мулоқот нақшаи ҳамкории оянда ва имконияти ташкил намудани намоишгоҳи муштараки молҳои харидашаванда баррасӣ карда шуд. Намояндагони ИМА бо фаъолияти баъзе корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти саҳҳомии «Оби зулол» — и ноҳияи Исфара шинос мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






