МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО С.А. КРЕМЕР

Ноябрь 5, 2009 11:46

                 Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Дирӯз, 4 ноябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ муовини вазири корҳои хориҷии Полша Анҷей Кремерро ба ҳузур пазируфт.                  Тарафайн муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Полшаро дар самти мустаҳкам гардонидани иқтисод ва савдо, муносибатҳои минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА муҳокима намуданд.                   Ҷонибҳо муносибатҳои Тоҷикистонро бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, масъалаи бехатариро дар Афғонистон ва Покистон, инчунин лоиҳаҳое, ки Тоҷикистон амалӣ месозад ва он барои давлати ҳамсоя- Афғонистон муҳим мебошад, баррасӣ намуданд.                  Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ зикр гардид, ки Созишномаи қаблан имзошуда байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша дар бораи муносибатҳои иқтисодии ҳар ду давлат имкон медиҳад, ки муносибатҳои иқтисодии ҳар ду кишвар, хусусан гардиши мол беш аз пеш густариш меёбад.

Ноябрь 5, 2009 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд