МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БА ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ

Ноябрь 10, 2009 12:49

                10-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ин созмон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.                 Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки «ҳамкории сохторҳои дифоӣ намунаи робитаҳои босамар ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳои иттиҳод хоҳад буд».                 Таъкид гардид, ки дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳкими ҳамкории сохторҳои дифоии кишварҳои иттиҳод басо муҳим аст.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 10, 2009 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд