МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БА ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ
10-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ин созмон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки «ҳамкории сохторҳои дифоӣ намунаи робитаҳои босамар ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳои иттиҳод хоҳад буд». Таъкид гардид, ки дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳкими ҳамкории сохторҳои дифоии кишварҳои иттиҳод басо муҳим аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






