МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО КАДРҲОИ НАВТАЪИН

Ноябрь 18, 2009 12:08

                18-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба хизмати садоқатмандонаю софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.                  Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуманон Холиқов ва Шаҳноза Нодирова муовинони Вазири адлия, Гулчеҳра Бозорова ва Саидраҳмон Назриев муовинони Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуданд.                  Се каси онҳо — Додихудо Саймиддинов, Абдуманон Холиқов ва Гулчеҳра Бозорова то ин вақт раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Саидраҳмон Назриев бошад, дар вазифаи ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.                    Бо қарорҳои дигари Ҳукумати мамлакат Зуҳридин Кенҷаев ва Лариса Кислякова, ки муовинони Вазири рушди иқтисод ва савдо буданд, аз вазифа озод карда шуданд.                   Ғайр аз ин, Абдулазиз Шарипов — собиқ Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Муовини роҳбари Департаменти сиёсати савдои Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Ҳайдар Сафиев, ки то ин вақт Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд, Директори муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия» — и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» таъин гардиданд.

Ноябрь 18, 2009 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд