МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САФАР АБИЕВ
11-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Озарбойҷон Сафар Абиевро, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор доранд, баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз мӯҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба назар мерасад, ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоии ду кишвар низ густариш хоҳанд ёфт. Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои болобарии омодагии қӯшунҳо, омӯзиши кадрҳои низомӣ ва густариши робитаҳои илмӣ зоҳир карда шуд. Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин оид ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






