МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САФАР АБИЕВ

Ноябрь 11, 2009 13:00

                 11-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Озарбойҷон Сафар Абиевро, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.                 Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор доранд, баррасӣ шуд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз мӯҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба назар мерасад, ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоии ду кишвар низ густариш хоҳанд ёфт.                   Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои болобарии омодагии қӯшунҳо, омӯзиши кадрҳои низомӣ ва густариши робитаҳои илмӣ зоҳир карда шуд.                   Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин оид ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 11, 2009 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид