МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ ҲУКУМАТ БО ФАЪОЛОНИ ХУҶАНД

Ноябрь 24, 2009 16:03

                  Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 23 ноябр гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва фаъолони шаҳр мулоқот намуданд.                     Аз маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз ташрифи гурӯҳи тарғиботӣ ба мардум фаҳмонда додани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ибтикор, ташаббус ва кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина бунёд намудани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.                     Директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фозил Тоҳиров ва муовини аввали раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Тӯхтабой Маҳмудов оид ба вазъи кунунии таъминоти мамлакат бо нерӯи барқ, имкониятҳои афзунгардонии иқтидори энергетикии кишвар, ки ҷумҳурии мо дар қиёси кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бобати захираҳои барқӣ афзалияти бештарро соҳиб аст, сохтмони иншооти хурду бузурги барқии обӣ, бахусус зарурати ҳаётии бунёди НБО «Роғун», ҷидду ҷаҳди роҳбарияти мамлакат барои расидан ба ин ҳадаф, баромад намуданд.                     Қайд гардид, ки иқдоми Сарвари давлат дар мавриди сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби кулли тоҷикистониён ҳамчун омили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини ояндаи дурухшони мамлакат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кардааст.

Ноябрь 24, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд