МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР

Ноябрь 10, 2009 14:35

                  Душанбе, 10 ноября. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Мурро вохӯрӣ намуданд.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, дар мулоқот масъалаҳои дурнамои густариши муносибати дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                  С. Хайруллоев бо хохиши дипломати хориҷӣ зимни шарҳу тавзеҳи моҳияти қарору қонун ва дигар санадҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти корӣ иброз дошт, ки парламенти касбии Точикистон дар муддати фаъолияти худ тавонист қонунҳои зиёдеро, ки ба беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат мекунанд, таҳия ва қабул намояд.                   Раиси Маҷлиси намояндагон тақвияти равобити байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро омили асосии муваффақияти ду мақоми олии қонунгузор дар самти таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмиллалӣ арзёбӣ карда, мавриди иҷро қарор гирифтани онҳоро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистону Британияи Кабир муфид донист.                   Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир дар ҷумҳурии мо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни дигар парлумонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусбӣ арзёбӣ намуд.                  Тревор Мурро таъкид кард, ки таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир ба манфиати халқу миллати ду кишвари дӯст буда, яке аз омилҳои муҳими густариши робитаҳо дар дигар заминаҳо ба шумор меравад.                    Ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи парлумони Шоҳигарии Британияи Кабир ташриф оварда, аз наздик ба кору фаъолияти кумитаҳои маҷлиси намояндагон ошно мегардад. Ин ташрифи хайати воломақоми парлумони мо як рӯйдоди навест дар муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир.  

Ноябрь 10, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид