МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР
Душанбе, 10 ноября. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Мурро вохӯрӣ намуданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, дар мулоқот масъалаҳои дурнамои густариши муносибати дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. С. Хайруллоев бо хохиши дипломати хориҷӣ зимни шарҳу тавзеҳи моҳияти қарору қонун ва дигар санадҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти корӣ иброз дошт, ки парламенти касбии Точикистон дар муддати фаъолияти худ тавонист қонунҳои зиёдеро, ки ба беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат мекунанд, таҳия ва қабул намояд. Раиси Маҷлиси намояндагон тақвияти равобити байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро омили асосии муваффақияти ду мақоми олии қонунгузор дар самти таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмиллалӣ арзёбӣ карда, мавриди иҷро қарор гирифтани онҳоро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистону Британияи Кабир муфид донист. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир дар ҷумҳурии мо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни дигар парлумонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусбӣ арзёбӣ намуд. Тревор Мурро таъкид кард, ки таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир ба манфиати халқу миллати ду кишвари дӯст буда, яке аз омилҳои муҳими густариши робитаҳо дар дигар заминаҳо ба шумор меравад. Ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи парлумони Шоҳигарии Британияи Кабир ташриф оварда, аз наздик ба кору фаъолияти кумитаҳои маҷлиси намояндагон ошно мегардад. Ин ташрифи хайати воломақоми парлумони мо як рӯйдоди навест дар муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир.








Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






