МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ ИНДОНЕЗИЯ
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард.)- Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шахрил Сабаруддин мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф мавриди гуфтугӯ қарор дода шуданд. Раиси Маҷлиси намояндагон ба меҳмон дар бораи фаъолияти парлумони касбии мамлакат, раванди таҳия, пешниҳоду баррасӣ, қабули қарору қонун ва дигар санадҳои аҳамияти умумиҷуҳуриявӣ ва байналмилалидошта маълумот дода, саҳми ин мақоми олии қонунгузории кишварро дар беҳтар шудани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии мамлакат муҳим арзёби кард. Мавсуф қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд ва вакилони Маҷлиси намояндагон онро якдилона ҷонибдори ва қабул карданд, аз иқдомоти тозаи инсондӯстонаи Сарвари давлати Тоҷикистон маънидод кард. Инчунин, дар ҷараёни мулоқот бар зарурати таъсиси ҳарчи зудтари гуруҳи дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Индонезия таъкид карда шуд. Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Инданезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳкими ҳамкориҳои парлумонии кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда аз Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати парлумони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон муносиб аз парлумони Ҷумҳурии Индонезия дидан кунанд. Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






