МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ ИНДОНЕЗИЯ

Ноябрь 9, 2009 17:24

                Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард.)- Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шахрил Сабаруддин мулоқот анҷом дод.                Дар мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф мавриди гуфтугӯ қарор дода шуданд.                 Раиси Маҷлиси намояндагон ба меҳмон дар бораи фаъолияти парлумони касбии мамлакат, раванди таҳия, пешниҳоду баррасӣ, қабули қарору қонун ва дигар санадҳои аҳамияти умумиҷуҳуриявӣ ва байналмилалидошта маълумот дода, саҳми ин мақоми олии қонунгузории кишварро дар беҳтар шудани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии мамлакат муҳим арзёби кард.                  Мавсуф қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд ва вакилони Маҷлиси намояндагон онро якдилона ҷонибдори ва қабул карданд, аз иқдомоти тозаи инсондӯстонаи Сарвари давлати Тоҷикистон маънидод кард.                 Инчунин, дар ҷараёни мулоқот бар зарурати таъсиси ҳарчи зудтари гуруҳи дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Индонезия таъкид карда шуд.                 Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Инданезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳкими ҳамкориҳои парлумонии кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда аз Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати парлумони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон муносиб аз парлумони Ҷумҳурии Индонезия дидан кунанд.                 Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 

Ноябрь 9, 2009 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид