МУЛОҚОТИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дирӯз, 20 ноябр дар шаҳри Ялтаи Украина маҷлиси навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои ИДМ анҷом ёфт. Дар маҷлис ҳайатҳои 11 давлати Иттиҳод таҳти роҳбарии сарвазирони ҷумҳурии Молдавия Владимир Филат (Раиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ), Федератсияи Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Украина Юлия Тимошенко, Ҷумҳурии Белорусия Сергей Сидорский, Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов, Ҷумҳурии Қирғизистон Дониёр Ҳусейнов ва Ҷумҳурии Арманистон Тигран Саркисян иштирок намуданд. Сарони ҳукуматҳо масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодиёти мамлакатҳои ИДМ, нақшаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақшаи амалӣ сохтани тадбирҳои муштаракро дар бораи бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ, истифодаи технологияҳои нав ва сиёсати муҳоҷиратро муҳокима карданд. Дар фарҷоми маҷлис силсилаи ҳуҷҷатҳо имзо карда шудаанд. Аз ҷумла, барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи хатҳои байнидавлатии интиқоли барқ, созишнома дар бораи тавсиаи роҳҳои мошингард ва ғайра имзо карда шуданд. Инчунин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи технологияҳои нав ва принсипҳои амалӣ сохтани сиёсати муҳоҷират созишномаҳо имзо карда, барномаи тадбирҳои муштараки мубориза ба муқобили бемории ВИЧ/СПИД тасдиқ карда шуд. Сарои ҳукуматҳо буҷети ягонаи ИДМ – ро барои соли 2010 қабул карда, инчунин барои ташкили системаи муттаҳидаи мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ маблағ ҷудо намуданд. Дар маҷлис раёсати ИДМ ба зиммаи Русия гузошта шуд. Маҷлиси ояндаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 21 майи соли 2010 дар Маскав баргузор мегардад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






