МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСОЯГӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон 11 ноябр зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо губернатори вилояти Боткент Маратбек Ҷумабеков баррасӣ гардид. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тарафҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо дар заминаи супоришҳои сарони ҳарду давлат ва имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои судманд андешида шаванд. Зеро, айни ҳол имкону захираҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ зиёд буда, истифодаи онҳо саривақтист. Дар рафти мубодилаи афкор мусоҳибон ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо дахл намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






