МУРОҶИАТНОМАИ АҲЛИ ЗИЁИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАРДУМИ ВИЛОЯТ

Ноябрь 11, 2009 14:59

                 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Рамонро ҷиҳати дастгирии моддию маънавии сохтмончиёни нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ба ин муносибат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки аҳли зиёӣ вилоят ҷамъомад доир намуд. Дар он зиёиён ин нуқтаро хеле муҳим арзёбӣ карда, бо ифодаи ҷонибдорӣ аз ин пешниҳоди Президенти мамлакат ба мардуми вилояти Хатлон Муроҷиатнома қабул намуданд.Муроҷиатномаи аҳли зиёи вилояти Хатлон ба мардуми вилоят.                Аз 31 октябри соли 2009, ш.Қӯрғонтеппа.                 Мо, маорифчиён, табибон, олимон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, ҳунармандон, рассомон, ихтироъкорон ва кулли эҷодкорони вилоят хуб медонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободии кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум талошҳои доимӣ менамоянд. Сафарҳои корӣ ба хотири ободию осудагии мардум, гуфтушунидҳо бо сарони давлатҳои бурунмарзӣ, сохтмон ва бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим ва дигар ободкориҳо шаҳодати ин гуфтаҳоанд. Имрӯз таклифу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ баён мегарданд ва ифодагири манфиатҳои мардуми сайёра аст, аз тарафи роҳбарони давлатҳои дунё бо камоли майл ҷонибдорӣ ва қабул карда мешаванд.                 Иқдоми Президенти мамлакат фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» низ имрӯз дар маркази таваҷҷӯҳи мардуми тамоми кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон аст. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки дар ҳолати татбиқи фармони мазкур имконият пайдо мешавад, ки дар як сол нерӯи зиёди барқ сарфа гардида, эҳтиёҷоти энергетикии мардум то андозае ҳалли худро ёбад.                 Инак боз як иқдоми наҷиб-вусъати тоза бахшидан ба корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» , ки он воқеан ҳам боз як ғамхории бузурги падарона нисбат ба миллати тамаддунофари тоҷик буда, бунед ёфтани ин иншооти муҳими аср боиси ҳалли мушкилоти чандинсолаи на танҳо мардуми тоҷик, ҳамчунин барои манфиати кишварҳои ҳамсоя низ мусоидат хоҳад кард.                  Ҳамаи мо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вохӯрӣ бо сохтмончиёни нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» тавассути расонаҳои хабарӣ шунидем. Дар он Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки бунёди нерӯгоҳҳо барои мо масъалаи ҳаёту мамот аст. Махсусан, нерӯгоҳи «Роғун» иншооти муқаррарии гидроэнергетикӣ нест. Он сохтмоне аст,ки бо бунёдаш истиқлолияти комили энергетики кишвар таъмин мегардад. Бо мақсади сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлат 533 миллион сомонӣ ҷудо намудааст. Дар солҳои минбаъда низ ҷудо намудани маблағҳои зиёде пешбинӣ шудааст. Тибқи нақшаи ҳукумат навбати аввали истифодаи нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар муддати се чор соли оянда сурат хоҳад гирифт. Бинобар ин зарур аст, ки ҷиҳати амалигардии ин мақсади наҷиб бо истифода аз имкониятҳо ва фурсати муносиб корҳои сохтмонӣ вусъати тоза пайдо намоянд. Ҳукумати ҷумҳури барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи имрӯзаи энергетикӣ тамоми чораву тадбирҳоро андешида истодааст. Вале баробари ин барои анҷоми корҳои бузурги сохтмонии ин иншооти азими аср дастгириҳои ҳамаҷониба зарур аст. Дар чунин маврид моро мебояд, ки бетарафу дар канор набошем.Бо дарки ин маъни мо, зиёиён, ба кулли мардуми шарифи вилоятамон муроҷиат менамоем, ки бо пуштибонӣ ва иқдоми Сардори давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии моддию маънавии ин иншооти тақдирсози миллат-нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳмгузор бошем.

Ноябрь 11, 2009 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад