МУРОҶИАТНОМАИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 19, 2009 11:12

                  Душанбе, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябр дар иҷлосияи 22-уми палатаи болоии парлумони мамлакат ба мақомоти намояндагии ҷумҳурӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати саҳм гузоштан дар таъмини истиқлолияти энергетики кишвар- дар мавриди харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиатнома қабул карданд.                   «Бо назардошти таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар бояд ҳар яке аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо дарки баланди худшиносӣ ва садоқат ба халқу ватан дар бунёди иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегидоштаи кишвар саҳми босазои худро гузорад», гуфт Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев.                    Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат афзуд, ки худи вай маоши якмоҳаи худро ҳанӯз дар моҳи майи соли ҷорӣ ба сохтмони НБО «Роғун» гузаронидааст.                    Ҳамзамон, Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки дар арафаи Иди Қурбон дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолии ҷумҳуриро фаромӯш насозанд. Зеро хайру эҳсонкорӣ ва кӯмак ба ниёзмандон аз яке аз рисолатҳои наҷиби инсонист.

Ноябрь 19, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд