МУШКИЛОТ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

Ноябрь 19, 2009 14:45

                   Кӯлоб, 19 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).- Хоҷагиҳои деҳқонии минтақаи Кӯлоб дар ҷамъоварии ҳосили пахта ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Аҳмад Сафаров, ҷонишини сардори раёсати идораи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, пунбакорони минтақа аз аввали мавсим наздики 50 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамоварӣ намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳазор тонна кам мебошад. Ба гуфтаи вай иллати коҳиш ёфтани чиниши пахта дар он аст, ки имсол мувофиқи фармони Раиси ҷумҳур, донишҷӯён барои кӯмаки пунбакорон сафарбар нашуданд ва хоҷагидорон ба танҳоӣ аз ӯҳдаи чиниши пахта намебароянд.                    Аз ин рӯ, мо ба онҳо муроҷиат намудем, то ба хотири сари вақт ҷамъоварии ҳосили пахта, қиммати чиниши онро боло бубаранд, ки мардум ҳавасманд гарданд.                     Ҳоло бошад як килограм пахтаи чиндашуда аз 25 то 30 дирам нарх дорад.

Ноябрь 19, 2009 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд