МУСОБИҚАИ ШОҲМОТБОЗОН

Ноябрь 20, 2009 14:35

                  Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз дар кишвари Ханти – Мансии Федератсияи Русия маросими ботантанаи оғози мусобиқаи шоҳмотбозон барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон баргузор мегардад. Аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ин мусобиқа шоҳмотбозони машҳури Тоҷикистон Фаррух Амонатов ва Ӯзбекистон Антон Филлипов иштирок менамоянд, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ғолиб омадаанд. Умуман дар мусобиқа 128 шоҳмотбоз ширкат меварзад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот рӯихати навбатии мамлакатҳоеро нашр намуд, ки дар онҳо ба пешрафти шоҳмот диққати калон дода мешавад.                  Тоҷикистон дар рӯихати мазкур дар байни 139 мамлакати ҷаҳон ҷои 70 — умро ишғол менамояд. Ба рӯихати мазкур аз Тоҷикистон шоҳмотбозони маъруф Фаррух Амонатов, Соиб Ҷӯраев, Ҷамшед Исоев, Муҳаммадхоҷа Ҳусейхоҷаев, Рашид Ҳусейнов, Анвар Назаров, Сӯҳроб Ҳамдамов, Олуча Ҷумъаев, Илҳом Юнусов ва Неъмат Зиёев дохил карда шудаанд, ки аз ҷумлаи 10 нафар шоҳмотбозони беҳтарини мамлакат ба шумор мераванд.                   Дар рӯйхати мазкур шоҳмотбози Норвегия Магнус Карлсен ҷои аввалро ишғол менамояд. 

Ноябрь 20, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд