МУСОБИҚАИ ШОҲМОТБОЗОН
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз дар кишвари Ханти – Мансии Федератсияи Русия маросими ботантанаи оғози мусобиқаи шоҳмотбозон барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон баргузор мегардад. Аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ин мусобиқа шоҳмотбозони машҳури Тоҷикистон Фаррух Амонатов ва Ӯзбекистон Антон Филлипов иштирок менамоянд, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ғолиб омадаанд. Умуман дар мусобиқа 128 шоҳмотбоз ширкат меварзад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот рӯихати навбатии мамлакатҳоеро нашр намуд, ки дар онҳо ба пешрафти шоҳмот диққати калон дода мешавад. Тоҷикистон дар рӯихати мазкур дар байни 139 мамлакати ҷаҳон ҷои 70 — умро ишғол менамояд. Ба рӯихати мазкур аз Тоҷикистон шоҳмотбозони маъруф Фаррух Амонатов, Соиб Ҷӯраев, Ҷамшед Исоев, Муҳаммадхоҷа Ҳусейхоҷаев, Рашид Ҳусейнов, Анвар Назаров, Сӯҳроб Ҳамдамов, Олуча Ҷумъаев, Илҳом Юнусов ва Неъмат Зиёев дохил карда шудаанд, ки аз ҷумлаи 10 нафар шоҳмотбозони беҳтарини мамлакат ба шумор мераванд. Дар рӯйхати мазкур шоҳмотбози Норвегия Магнус Карлсен ҷои аввалро ишғол менамояд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






