НАМОИШГОҲИ КИТОБ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- 24 ноябр дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ намоишгоҳи китоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва «Ҳафтаи китобу хониш» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд. Намоишгоҳи китоб бо ташаббуси китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ва Маркази фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳро Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст кушод. Дар намоишгоҳ беш аз 130 номгӯи китобҳо пешкаши хонандагон шуданд. Намояндаи Маркази фарҳангии Эрон зикр намуд, ки 230 китоб ва техникаи компютерӣ аз номи Сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ тӯҳфа карда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






