НАМОЯНДАГОНИ ИДМ ДАР ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС

Ноябрь 24, 2009 11:36

                  Маскав, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Пагоҳ аъзои Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳо – аъзои ИДМ аз Академияи ВКД – и Ҷумҳурии Белорус дидан хоҳанд кард. Академияи ВКД – и Ҷумҳурии Белорус воқеъ дар шаҳри Минск, яке аз ташкилотҳои асосии ИДМ оид ба омода кардан, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи муҳоҷират ва мубориза бар зидди тиҷорати одамон ба ҳисоб меравад.                  Аъзои Шӯро бо роҳбарияти академия вохӯрда, бо кори Маркази таълимии байналхалқӣ оид ба омода кардан, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи муҳоҷират ва мубориза бар зидди тиҷорати одамон шинос шуда, дар хусуси ҳамкориҳои минбаъда бо истифода аз имкониятҳои ин Маркази байналмилалӣ мубодилаи афкор мекунанд. Сипас ба аъзои Шӯро дастовардҳои илмиву амалии Академияи мазкур намоиш дода мешавад. 

Ноябрь 24, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд