НАМОЯНДАГОНИ ПОРЛУМОНИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов) – 14 ноябр дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати порлумонии Британияи Кабир бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев баргузор гардид. «Мақсади боздиди гурӯҳи кории Парлумони Британияи Кабир шиносоӣ бо кори мақомоти қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳо ва таҳияи замина барои оғози робитаҳои судманди дуҷониба мебошад», — гуфт дар оғози мулоқот роҳбари гурӯҳ Ҷон Десмонд Андерсон. Ёдовар мешавем, ки ҳайати намояндагии Парлумони Британияи Кабир аз 14 то 16 ноябри соли ҷорӣ бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳайати намояндагӣ узви ҳизби консервативӣ Тим Лоутон, узви ҳизби лейбористӣ Фрейзер Кэмп ва лорд Вейверли шомиланд. Дар рафти мулоқот бо меҳмонон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев аз рафти омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли 2010, тайёриҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ширкати интихобкунандагон ва дигар масъалаҳои дахлдор сӯҳбат карданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






