НАМОЯНДАГОНИ ПОРЛУМОНИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ

Ноябрь 16, 2009 11:44

                 Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов) – 14 ноябр дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати порлумонии Британияи Кабир бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев баргузор гардид.                  «Мақсади боздиди гурӯҳи кории Парлумони Британияи Кабир шиносоӣ бо кори мақомоти қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳо ва таҳияи замина барои оғози робитаҳои судманди дуҷониба мебошад», — гуфт дар оғози мулоқот роҳбари гурӯҳ Ҷон Десмонд Андерсон.                   Ёдовар мешавем, ки ҳайати намояндагии Парлумони Британияи Кабир аз 14 то 16 ноябри соли ҷорӣ бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳайати намояндагӣ узви ҳизби консервативӣ Тим Лоутон, узви ҳизби лейбористӣ Фрейзер Кэмп ва лорд Вейверли шомиланд.                    Дар рафти мулоқот бо меҳмонон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев аз рафти омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли 2010, тайёриҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ширкати интихобкунандагон ва дигар масъалаҳои дахлдор сӯҳбат карданд.  

Ноябрь 16, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид