НАМУДҲОИ ИҶОЗАТДИҲИРО КАМ МЕКУНАНД
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти системаи иҷозатдиҳӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи ислоҳоти системаи иҷозатдиҳӣ» нишасти матбуотӣ баргузо гардид. Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки тибқи татқиқоти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба корхонаҳои хурд ва миёна 40 фоизи соҳибкорон ҳангоми гирифтани иҷозатнома ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 500 намуд иҷозатҳо мавҷуданд, ки аксари онҳо нолозим, ғайристандартӣ ва такроршаванда мебошанд. Гуфтанист, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи ислоҳоти мазкур Комиссия оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани иҷозатномаҳоро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ таъсис дод, ки муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов роҳбарӣ менамояд. Котиби масъули Комиссияи мазкур Шӯҳрат Раҳматбоев зикр намуд, ки Комиссия оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани иҷозатномаҳо ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ зиёда аз 500 намуд ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ошкор намуд, вале то имрӯз аз мақомоте, ки иҷозатнома медиҳад танҳо 152 асоснок гирифта шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






